Зарбаҳои Исроил ва Эрон ба ҳамдигар пас аз таҷовузи Исроил ба хоки Эрон дар рӯзи 13-уми июн идома доранд. Акнун сухан аз “таслими бечуну чаро” меравад, ки ба тағйири низоми Ҷумҳурии Исломӣ ишорат мекунад.
Кохи Сафед гуфт, раиси ҷумҳур Доналд Трамп дар зарфи ду ҳафта тасмим мегирад, ки ба ҷанги Исроил бо Эрон мепайвандад, ё не.
Муассисаи «Занони Нобел» рӯзи панҷшанбе 19 июн бо нашри баёнияе хостори оташбаси фаврӣ миёни Исроил ва Эрон шуд. Дар ин баёния ҷангро «муқобили қонунҳои байналмилалӣ» хонда ва аз «ранҷи густурдаи инсонӣ» ва «хатари густариши як низои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» ҳушдор дода шудааст.
Оё Исроил метавонад таъсисоти ғанисозии Фордуро ҳадаф гирад? Агарчӣ гумоназаниҳо дар ин бора зиёд шудааст, коршиносон шубҳа доранд, ки ҳатто «бомбҳои нуфузкунанда»-и амрикоӣ тавонанд ба мустаҳкамтарин таъсисоти атомии Эрон бирасанд.
Мақомоти исроилӣ мегӯянд, бомдоди панҷшанбе як мушаки эронӣ ба бемористони асосӣ дар ҷануби Исроил бархӯрда, теъдодеро маҷрӯҳ карда, вайронии густурдае барҷой гузоштааст.
Раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ рӯзи чоршанбеи 18 июн дар посух ба паёми Доналд Трамп, президенти Амрико, ки ба "таслими бечунучаро"-и Эрон даъват кард, гуфт, мардуми Эрон "ҳеҷ гоҳ таслим намешавад".
Дар шашумин рӯзи ҷанге, ки Исроил бо Эрон оғоз кард, ду тараф аз зарбаҳои нав ба ҳамдигар хабар медиҳанд.
Ҷанги Исроил ва Эрон, ки бо ҳамлаҳои Исроил ба иншооти ҳастаӣ ва низомии Эрон сар шуд, дар Тоҷикистон нигарониҳои зиёдеро ба миён овардааст.
Вақте Исроил ба сокинони Минтақаи 3, яке аз маҳаллаҳои сарватманду пурғавғои Теҳрон, ҳушдор дод, ки инҷоро тарк кунанд, чун ҳадафи ҳамла хоҳад буд, биму изтироби мардуми ҳаросон бештар шуд.
Дар ҳоле, ки нахуствазири Исроил ваъдаи ҳамлаҳои бештарро алайҳи Эрон дод, Теҳрон мавҷи наве аз мушакҳоро ба тарафи Телавив ва шаҳрҳои дигари Исроил партоб кард.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дастур додааст, ки аз ҳафтаи оянда шаҳрвандони 12 кишвар, аз ҷумла, Эрон ва Афғонистон, иҷозаи вуруд ба Иёлоти Муттаҳидаро нахоҳанд дошт.
Украина мегӯяд, ки бо истифода аз паҳбодҳое, ки ба таври пинҳонӣ дар сандуқҳои чӯбин дар дохили контейнерҳо ба дохили хоки Русия интиқол дода буд, даҳҳо ҳавопаймои бомбафканро дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар ҳадаф қарор дод.
Ёфтҳои бештар