Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико субҳи якшанбеи 22-юми июн эълон кард, ки ҳавопаймоҳои ин кишвар ба 3 маркази ҳастаии Эрон -- Форду, Натанз ва Исфаҳон ҳамла карданд. Трамп ин ҳамлаҳоро "бисёр муваффақиятомез" номид.
Трамп дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social навишт, ин ҳамлаҳо ба поён расида, "ҳамаи ҳавопаймоҳо аз ҳарими ҳавоии Эрон хориҷ шудаанд."
"Як бастаи комили бомб рӯйи сойти аслии Форду рехта шуд. Ҳамаи ҳавопаймоҳо ба саломат дар роҳи бозгашт ба хона ҳастанд,"-навиштааст Доналд Трамп.
Раиси ҷумҳури Амрико бо тавсиф аз сарбозони кишвараш навиштааст, "ҳеч артиши дигаре дар ҷаҳон наметавонад ин корро анҷом диҳад. Акнун замони сулҳ аст."
Доналд Трамп чанд лаҳза пас аз нашри хабари ҳамла навишт, Эрон акнун бояд бо поёни ин ҷанг мувофиқат кунад.
Бомбафкани B-2
Хабаргузории "Ройтерс" ба нақл аз як мақоми амрикоӣ гузориш додааст, ки дар ҳамла ба иншооти ҳастаии Эрон аз бомбафкани B-2 истифода шудааст. Айни хабарро чанд расонаи дигари амрикоӣ ҳам нашр кардаанд.
B-2 ягона ҳавопаймои ҷангӣ аст, ки метавонад "бомбҳои сангаршикан"-ро интиқол диҳад. Ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, неруҳои ин кишвар 35 тонна бомбро болои се ниҳоди ҳастаии Эрон рехтаанд.
Мақомоти расмии Ҷумҳурии исломии Эрон то ҳол ба хабари ҳамла ба иншооти ҳастаии ин кишвар расман вокуниш накардаанд.
Муовини сиёсии Садову симо чанд лаҳза пас аз эъломи хабари ҳамла ба марказҳои ҳастаии Эрон гуфт, ки "сойтҳое, ки Трамп иддаои ҳамла кард, холӣ шуда буданд." "Дар ин маконҳо маводе вуҷуд надорад, ки боиси баланд шудани ташшашуъ (радиатсия) шаванд,"-навиштааст Ҳасан. Обидинӣ.
Бахшҳое аз сойти ҳастаии Форду
Хабаргузории "Мизон", вобаста ба додгустарии Эрон ба нақл аз сухангӯи мудирияти буҳрони устони Қум хабар дод, ки "бахшҳои маҳдуде аз сойти ҳастаии Форду мавриди ҳамлаи ҳавоии душман қарор гирифтааст."
Пеш аз ин Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфта буд, ки зарфи ду ҳафта тасмим хоҳад гирифт, ки оё кишвараш дар ҳимоят аз Исроил ба таври мустақим вориди ҷанг алайҳи Эрон шавад ё не.
Амрико дар ҳоле ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамла мекунад, ки пештар Теҳрон аз оқибатҳои бади ин кор ҳушдор дода буд. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ рӯзи чоршанбе 18 июн дар паёми телевизионӣ таҳдида карда буд, ки "ҳама гуна мудохилаи низомии Амрико, бидуни шак, бо садамаи ҷуброннопазир ҳамроҳ хоҳад буд."
Доналд Трамп борҳо гуфтааст, ба Эрон иҷозаи доштани силоҳи ҳастаӣ намедиҳад. Эрон ҳамеша гуфтааст, ки барномаи ҳастаиаш ҳадафи ғайринизомӣ дорад ва дунболи даст ёфтан ба силоҳи ҳастаӣ нест.