Тоҷикистон аз соҳибони телефонҳо андози нав меситонад. Нарх боло меравад?

Яке аз хиёбони Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон барои овардани телефони мобилӣ аз хориҷи кишвар андози нав ҷорӣ кардааст. Бар асоси қарори ҳукумат, аз 1-уми июли имсол аз ҳар телефони ҳамроҳ, ки ба Тоҷикистон оварда мешавад, 20 дарсад боҷи гумрукӣ ситонида мешавад.

Дар иттилоияи расмии Хадамоти гумруки Тоҷикистон омадааст, боҷи гумрукӣ ҳатто аз телефонҳое ситонида мешавад, ки "барои истифодаи шахсӣ" оварда шудаанд.

Шуруъ аз соли 2023, барои овардани телефон ба Тоҷикистон аз ҳар дастгоҳ 14 дарсад андоз аз арзиши иловашуда (вобаста ба арзиши телефон) ва 10 доллар боҷи гумрукӣ ситонида мешуд. Танҳо баъди супоридани ин маблағ, рақами IMEI-и телефон сабт ва дастгоҳ дар Тоҷикистон кор мекунад. Ба иттилои Хадамоти гумрук, аз телефонҳое, ки арзиши онҳо то 100 доллари ИМА аст, 10 доллар хироҷи гумрукӣ ситонида намешавад.

Баъзе тоҷирон аз ҳоло мегӯянд, бо ҷорӣ шудани андози нав нархи телефон дар кишвар боло меравад. Як фурӯшандаи телефон дар Маркази савдои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, 20 дарсад боҷи гумрукӣ ба таври худкор болои нархи телефон изофа мешавад.

"Худатон ҳисоб кунед. Агар телефон 5 ҳазор сомонӣ арзиш дошта бошад, 20 дарсад ё ҳазор сомонӣ боҷи гумрукӣ болояш изофа мешавад. Ба ғайр аз ин, аз ҳар телефон барои сабти IMEI 14 дарсад НДС ва 10 доллар хироҷи гумрукӣ меситонанд, ки 800 сомонӣ мешавад. Яъне агар телефон 5 ҳазор сомонӣ нарх дошта бошад, 1800 сомонии дигар болояш изофа хоҳад шуд. Ҳоло фойидаи фурӯшандаро ба ҳисоб намегирем,"-афзуд ин тоҷир.

Мақомоти Тоҷикистон, азҷумла Хадамоти гумрук шарҳ надоданд, ки ҳадаф аз ҷорӣ кардани боҷи гумрукӣ барои телефонҳо чист. Мақомот борҳо аз ҷустуҷӯи манбаъҳои нави ситонидани молиёт барои пур кардани буҷа суҳбат кардаанд.

Буҷаи Тоҷикистон асосан аз ҳисоби пардохти молиёт (андоз) ва боҷҳои гумрукӣ пур мешавад. Солҳои ахир дар кишвар чанд пардохти ҳатмии дигар, азҷумла барои нобуд кардани мошинҳо (утилизатсия) ҷорӣ шуда, ҳаҷми ҷаримаҳо низ боло бурда шуд. Соҳибкорон низ борҳо аз гаронии молиёт шикоят кардаанд.